Дӯш омад барам афканда ду гесу ба ду дӯш,
Дӯш омад барам афканда ду гесу ба ду дӯш,
Анбарин силсилаҳо рехта дар гардану гӯш.
Даст дар гарданам андохт чу зулфи худу гуфт:
Ки дилат ҳалқаи гесӯи маро ҳалқа ба гӯш.
Чуниву чун шабу рӯзат ба сар омад бе ман,
Бо кӣ мехӯрдӣ паймона, куҷо кардӣ нӯш?
Гуфтам: – Эй гул, ба ду чашму ба ду зулфи ту қасам,
Ки нашуд як нафас аз гиря ду чашмам хомӯш.
Гоҳ аз нохуни ғам дил чу нигинам ба харош,
Гоҳ аз оташи дил сина чу дегам ба хурӯш.
Чун шунид ин сухан, афшонд зи лаб шукру бигуфт:
К-эй суханҳои ту ширинтар аз шаккару нӯш.
Бе ту савганд ба паймона, ки ман низ шабе
Май нанӯшидаму будам чу хуми бода ба ҷӯш.
Лек имшаб чу туро дидаму хурсанд шудам,
Дар дилам не ғами дӣ монду на андешаи дӯш.
Рафтам аз худ, чу ба гӯш омадам ин гуна хитоб:
«Дар сар аз шавқи сурудам на хирад монду на ҳуш».
Шудам аз ваҷди тараб хурраму фархунда чунон,
К-ояд аз ҷилвагаҳи арши барин ваҳйу сурӯш.
Шуд чу фориғ зи сухан, хост маю соғару ронд
Сухан аз майкадаву муғбачаи бодафурӯш.
Ба ҳавои лаби ёқутиву марҷонии хеш,
Бода нӯшиду бишуд гармсар аз нӯшонӯш.
Гуфт: – Наврас, ба банону ба забони ту қасам,
Ки маро то бувад ин зулфи сияҳ ғолияпӯш.
Аҳд кардам, ки аз ин пас нашавам ҷуз ту ба кас,
Ошноӣ накунам ҷуз сухани поки ту гӯш.