Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ҳама аҷзои ту хубу ҳама аъзои ту хуш,

Ҳама аҷзои ту хубу ҳама аъзои ту хуш, Ҳама ҷои ту ба хубӣ зи ҳама ҷои ту хуш. Нест сарве ба чаман чун қади раънои ту хуб, Нест моҳе ба фалак чун рухи зебои ту хуш. Хуштар аз ҷон набувад туҳфа, агар фармоӣ, Кунам ин туҳфаи хуш назри кафи пои ту хуш. З-он чунон зиндагие, к-аз ту ба ҳирмон гузарад, Ба ту савганд, ки мурдан ба таманнои ту хуш. Хуш бувад таъми шакар, лек ба коми ман аз ӯст Заҳрханде зи лаби лаъли шакархои ту хуш. Ҳама дилбастагии хуш ба яке дораду ман, Бастаам дил ба хами зулфи сумансои ту хуш. Пеши он моҳ бинеҳ ҷону дилу сар, Шоҳин, То кадомин кунад аз ин ҳама колои ту хуш. Хуш димоғи ҳамаро кардаӣ, Шоҳин, аз назм, Бод дар боғи ҷинон манзилу маъвои ту хуш.