Ба рағми ман ба рақибон масоз суҳбати хос,
Ба рағми ман ба рақибон масоз суҳбати хос,
Ки аз ҳуҷуми ғаму рашк нест роҳи халос.
Макун ба қавли рақибон дили маро маҷрӯҳ,
Ки ҳаст ояи мансус «ал-ҷурӯҳа қисос!»
Зи дарди ҳаҷр раҳон, бо висоли хеш расон,
Мараз, ки гашт чу музмин, чӣ ҷои истихлос?
Туро нисор кунам дил, агар туӣ мутриб,
Фидои ту бикунам ҷон, агар туӣ раққос.
Ба Каъба аз дари хусрав чӣ меравӣ, Шоҳин,
Бас аст хоки дараш ҷабҳаро матофу манос!