Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Турост аз ду тараф зулфу дар миён ораз,

Турост аз ду тараф зулфу дар миён ораз, Намуда сайди дилам зулфу қасди ҷон ораз. Мапӯш зулф ба ораз зи ман ба хашм, агар Кунам шикоят аз он зулф ё аз он ораз. Туӣ ниҳода ниҳон зери зулф орази хуш Ва ё нуҳуфта суман зери займарон ораз. На сарвро бувад андар чаман чунин қомат, На моҳро бувад андар фалак чунон ораз. Хаёли рӯи ту партав диҳад ба синаи ман, Ки моҳро нашавад дар катон ниҳон ораз. Ниқоб ғунча чу афканд, гул бирафт ба бод, Ту ҳам зи парда макаш ҳарза то тавон ораз. Дареғи умр, ки Шоҳин, гузашт шому саҳар Ба гуфутугӯи фалон зулфу бисмадон ораз.