Эй, ки зи мушки тар бувад бар рухи чун маҳат нуқат,
Эй, ки зи мушки тар бувад бар рухи чун маҳат нуқат,
Килки қазо чӣ гуна зад бар рухи маҳ нуқат ғалат.
Нест ба кеши ошиқӣ ҳамчу мане бад-ин насақ,
Нест ба фанни дилбарӣ ҳамчу ту кас бад-ин намат.
Гуфтиву рафтӣ аз барам он чӣ ба ман хушам, вале
Беш аз ин марав ғалат, беш аз ин магӯ сақат!
Ҷуз ту ба доди ман касе ҳеҷ намерасад аз он,
Ақбала индак фаҳасаб, аъраза индака фақат.
Гирди рухи ту ҳола шуд, то хати анбарин ҳаме,
Дид рухи турову маҳ, дод ба бандагит хат.
Мурғи саҳар ҳамезанад бонг, ки: – Зери пои гул
Хуни хурӯс рехтан хуш бувад аз даҳони бат.
Шоҳин, аз он чӣ зад рақам килки ту бар ҷаридаҳо,
Баҳриву бадра-бадра дур(р) рехта дар канори шат.