Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Эй оразат тапонча зада бар узори хат,

Эй оразат тапонча зада бар узори хат, Доғе ниҳода холи лабат дар канори хат. З-ин сон ки рӯзгори ҷаҳоне сияҳ аз ӯст, Ё Раб, ҳамеша бод сияҳ рӯзгори хат. Мавҷи арақ, ки мечакад аз тарфи ин узор, Гӯӣ кашида шаддаи гавҳар ба тори хат. Бар хоксори ишқ набинад зи рӯи боз, То чашми ҳусн во нашавад бар ғубори хат. Шуд тӯтиёи дидаи ҳусни ту, в-арна буд Чашми сафеди рӯи ту аз интизори хат. То ҷони оламе нагудозад ба доғи ғам, Бояд ба оби теғ нишонӣ шарори хат. Бар тарфи лолазори ту он наргиси ғизол, Сунбул чарад зи гулшани мушкин баҳори хат. Шоҳин, зи ҳар рақам, ки ба мадҳаш нигоштам, Гуфтам ҳазор таблаи анбар нисори хат.