Зи лутфи ту шаби васлат шудам чунон маҳзуз,
Зи лутфи ту шаби васлат шудам чунон маҳзуз,
Ки кас нагашт зи шодӣ ба мисли он маҳзуз.
Зи рӯи ту шуда гулҳои гулситон масрур,
Зи тарзи қомати ту сарви бӯстон маҳзуз.
Зи чашму рӯю лаби лаъли ту ба гулшани ҳусн
Ба хоб наргису гул обу нордон маҳзуз.
Зи бандагии дарат шод шуд чунон Шоҳин,
Ки кас нагардад аз ин гуна дар ҷаҳон маҳзуз.