Эй кош, ҷон кунад зи тани нотавон видоъ,
Эй кош, ҷон кунад зи тани нотавон видоъ,
З-он пештар, ки мекунад он дилситон видоъ.
Сарв аст қомати туву бӯстон канори ман,
Ин турфа сарв мекунад аз бӯстон видоъ.
Гуфтӣ: «Кунам видоъ!» – зи ман ҷон видоъ кард,
Эй бевафо, маёр дигар бар забон видоъ.
Ҷоно, гар ихтиёри видоат ба дасти мост,
Худ гӯ, ба ихтиёри кӣ кардаст ҷон видоъ?
Кардӣ ба ман ҳар он чӣ ба душман намекунанд,
Номат бурида бод зи рӯи ҷаҳон видоъ!
Гуфтам: «Кай аз рақиб намоӣ видоъ?», гуфт:
«Рӯзе, ки мекунад зи замин осмон видоъ».
То бишнавад нигор, кунад ёди ин ғариб,
Шоҳин, радифи шеъри ман афтод аз он видоъ.