Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Рафт домони висолат зи кафи зор, дареғ!

Рафт домони висолат зи кафи зор, дареғ! Нест мумкин, ки расад боз дигар бор, дареғ! Дар шаби васл даҳонам гуҳарафшон мебуд, Шудам аз фурқати ту дидаи хунбор, дареғ! Ҳамраҳи ҳури ҷинон дев намоён дидам, Гуфтам: «Афсӯс, ки шуд ёр ба ағёр, дареғ!» Ҳаст булбул ба ҳавои рухи гул масти нишот, Худ ба дом афканадам дида ба бозор, дареғ! Ҳалқаи зулф, ки дар гардани ҷон буд, Шоҳин, Додам аз даст кунун ҳалқаи зуннор, дареғ!