Дареғу ҳайф, ки бигзашт рӯзгори шариф,
Дареғу ҳайф, ки бигзашт рӯзгори шариф,
Пайи шумораи сайфу шито, баҳору хариф.
Зи чашму дил гуҳару дур(р) марост омода,
Нисор мекунам ҳар гаҳ, ки оварӣ ташриф.
Расида меҳри ҷамоли ту чун ба авҷи камол,
Ғанӣ ту аз ҳама таърифу ҷумлаи тавсиф.
Ба каф гирифта равон нақди ошиқи содиқ,
Куҷост нақд бибозад ба муҳраи ту ҳариф?
Ғасалсарост ба мадҳи ту хомаи Шоҳин,
Зи баҳри шеър гуҳар тоза оварад ба радиф.