Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Биё, биё, ки ба васли туам ба ҷон муштоқ,

Биё, биё, ки ба васли туам ба ҷон муштоқ, Марав, марав, ки ба ҷон омадам зи дарди фироқ. Ба ҷурми ғайр ба ман неш мезанӣ, оре, Ки дона чумчуқу бедона мехӯрад шаллоқ. Расан ба гардани устози мактабӣ афтад, Ки пои тифли ман озурда кард аз фаллоқ. Равад фақеҳу зи дунбол нури чашмии ӯ, Чу ноқае, ки равад аз қафои ӯ тайлоқ. Шикастани дилам, эй турк, агар намехоҳӣ, Чаро ба гӯшаи абрӯ шикастаӣ қалпоқ? Танат агарчи зи қаймоқи хом нармтар аст, Дилат гарав барад аммо ба сахтӣ аз қайроқ. Сурини лоғари ӯ шуд насибаи Шоҳин, Бале, ки туъмаи боз аст рони қашқалдоқ.