Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Рафтиву сӯхт ҷони ман аз тоби иштиёқ,

Рафтиву сӯхт ҷони ман аз тоби иштиёқ, Эй кош, бо висол мубаддал шавад фироқ. Рӯят надида сер, дами васл бигзарад, Гар аз ҳазор шаб ба яке афтад иттифоқ. Тоқ аст қомати ту, валекин ба ҷилва ҷуфт, Ҷуфт аст абрӯи ту, валекин ба фитна тоқ. То ошно кунам саги кӯи туро ба хеш, Аз пардаҳои чашм ниҳам пеши ӯ ялоқ. Чандон даридааст гиребони тоқатам, Дасти ғамат, ки нест дигар қобили ямоқ. Чандин қизил аёқ дигар кард гандагӣ, Ту бо мани ситамзада гаштӣ қизил пучоқ. Бар дил шиканҷаҳост зи зулфи сиёҳи ту, Чун дузд мангарӣ, ки занад миршаб таёқ. Аз тангаҳои навқирави банда ёд кун, Бе пул биё кунун, ки шудам қирриву ятоқ. Мақсад висоли туст, бидеҳ ҳар куҷо, ки ҳаст, Хоҳӣ даруни ҳуҷраву хоҳӣ таҳи равоқ. Бо ман тағофул ориву бо ғайр таппа-тахт, Эй баддимоғ, бо ману бо ғайр ҷуфту тоқ. Зоҳид, маро ба қавли ту ҳеҷ эътимод нест, Мӯ то ба мӯ хилофиву раг то ба раг нифоқ. Баҳри ҳалола рӯй ба риндон ҳамекунад, Сӯфӣ магар намуд зани хеш се талоқ? Зоҳид, ба роҳи савмаа чандон намедавӣ, Афсурда шуд магар сапалу суда шуд таёқ? Ман борҳо шудам ба хаёли вараъ мурид, Шоҳин, зи шайхи савмаа хидмат накарда оқ.