Ба бовари-т қасам мехӯрам ба ҷони фироқ,
Ба бовари-т қасам мехӯрам ба ҷони фироқ,
Ки қути ман ҳама шуд хуни дил зи хони фироқ.
Дило, бисӯхт зи оҳи ту хонумони қарор,
Чаро намезанӣ оташ ба дудмони фироқ?
Фироқи туст чу афъӣ, манам зи ҷаври фалак
Ба сони муҳра ниҳон дар таҳи забони фироқ.
Зи пешгоҳи висоли ту то расад хабаре,
Ниҳодаем сари худ бар остони фироқ.
Сафинаи дили ман кай расад ба соҳили васл
Зи чор мавҷаи дарёи бекарони фироқ?
Ба рӯзгори висоли ту рафт, он чи бирафт
Ба ман зи ҷавру ҷафои ту дар замони фироқ.
Ба ҳар ҷафо, ки кунад, сабр мекунӣ, Шоҳин,
Гар аз ту шиква кунад, хок дар даҳони «фироқ».