Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ба санои ту, ки оҷиз бувад аз вай идрок,

Ба санои ту, ки оҷиз бувад аз вай идрок, Наҳну ло нақдиру из айна ано, айна санок. Тира шуд гавҳараки дидаи ман бе рухи ту, Баски сад Даҷла фузун рехтам аз гавҳари пок. Ҷуз мани ғамзада, к-аз дида кашам хуни ҷигар, Кас ҷигаргӯшаи худро накашонад бар хок. Гар Масеҳам зи фалак аз пайи дармон ояд, Бе ту мушкил, ки раҳад ҷони ман аз қайди ҳалок. Гар нашуд муътақиди бодапарастон зоҳид, Аз чӣ баҳри вузӯ аз ток тарошад мисвок? Ҳар куҷо ваҳми нишоте бувад аз роҳи ҳасад, Ҳам аз он ваҳм маро чарх кунад истидрок. То чӣ арзад, ки ба пои ту фишонад Шоҳин, Кона лӣ муҳҷатун из ҷиъту ҷаъалноҳу фидок.