Алайк, дар ҳама бобат диҳад Худой камол,
Алайк, дар ҳама бобат диҳад Худой камол,
Чунон камол, ки набвад дар ӯ нишони завол.
Ҳамат ба фаҳми дақоиқ кунад дақиқ ур-раъй,
Ҳамат ба дарки ҳақоиқ кунад ҳақиқ ул-бол.
Агар сипеҳр ба номи ту қуръа андозад,
Ба саъди кавкаби бахти туаш барояд фол.
Ба сад саодати фирӯзиву наҷоҳ бурун,
Арӯси бахти ту омад зи ҳуҷлаи иқбол.
Ба ҳеҷ мартаба ғофил наметавон будан,
Зи мардумони табаҳинтизои шумсигол.
Ҳар он чӣ хайру савобе, ки сар кашид аз мо,
Ба чашми аҳли ҳасад нест ғайри шарру вубол.
Навиди амру саломат агарчи матлуб аст,
Навиштанист зи кайфияти муҷории ҳол.
Навиштанист агар имтинону гар гилаест,
Дар он қибола, ки бо дӯстон кунанд ирсол,
Ки дӯстро шавад аз имтинон зиёда хулус,
Ки дӯстро гила набвад далели ранҷу малол.
Навишта муътабар асту писанд нест, в-агар
Чӣ бӯи мушки сиёҳе, чӣ ранги коғази ол.
Зи дӯстон гила, Шоҳин, наметавон кардан,
Ки шуд шикасти қалам монеи китобати ҳол.