Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Эй гарав бурда зи маҳ ҳусни ту бар ваҷҳи ҷамил,

Эй гарав бурда зи маҳ ҳусни ту бар ваҷҳи ҷамил, Пеши лаъли ту ҳаме оби ҳаёт аст сабил. Чашми ман баччаи нилӣ шуда аз гиря чаро Гузар, эй Юсуфи мисрӣ, накунӣ ҷониби Нил? Накунад қатъи тамаъ муҳтасиб аз ришва, бале Ба ҷуз аз хоки сияҳ пур нашавад чашми бахил. Рӯзгорест, ки аз мотами ёрони қадим, Чеҳраи шоҳиди бахтам шуда андуда ба нил. Беривоҷии ҳунар бин, ки ман аз даври фалак Ранҷи бисёр кашам дар тамаи музди қалил. Ҳар кӣ аз фазлу ҳунар баҳраи куллӣ бардошт, Гардиши даҳр кунад ҳамчу манаш хору залил… Монд Шоҳин ҳамагӣ дар тутуқи шеър ниҳон, В-арна худ карда зи ақсоми фазоил таҳсил.