Шикастахотирам аз гардиши замона мудом,
Шикастахотирам аз гардиши замона мудом,
Бирез, соқии гулчеҳра, дар пиёла мудом.
Дили рамидаи ман дар шиканҷи турраи туст,
Мисоли тоири ваҳшӣ, ки ӯ фитад дар дом.
Ба зери пои ту чун сабза сарв паст шавад,
Кунӣ ба сӯи чаман гар ба ҳусни ҷилва хиром.
Шабе зи лаъли ту хоҳам гирифт коми умед,
Агар ба васли туам ёварӣ кунад айём.
Рухат зи ғурфаи манзар ба чашми ман тобад,
Чунон ки моҳ диҳад равшанӣ зи гӯшаи бом.
Ману зи васли ту уммеди коми дил кардан,
Зи ҳар тасаввури ботил ниҳӣ таваққуи хом.
Ту меҳрубон нашудӣ, бахт бо туам нарасонд,
Шикоят аз ту кунам боз, бахти нофарҷом.
Маро чи рутба, ки лофи ғуломии ту занам,
Ки бо ғуломи ғуломи туам камина ғулом.
Ҳикояти шаби ҳаҷри ту гар кунам тақрир,
Ба бомдоди қиёмат наёбад он итмом.
Ақиқбода ҳалол аст дар шариати ишқ,
Валек бе лаби лаъли ту гуфтаанд ҳаром.
На Каъба монеъ, не дайр садди роҳ шавад,
Ба шавқи кӯи ту Шоҳин, ки бастааст эҳром.