Ёди он шабҳо, ки аз гетӣ фароғат доштам,
Ёди он шабҳо, ки аз гетӣ фароғат доштам,
Бо бутони тозарӯ то субҳ суҳбат доштам.
Дар тариқи лоуболӣ ҳам ниҳон, ҳам ошкор,
Бо қаландармашрабон тарҳи садоқат доштам.
Ҷои миннат нест бо ман чархро, к-аз хони ӯ
Чун маҳи нав бо лаби ноне қаноат доштам.
Гоҳ таълими усулу гоҳ талқини фурӯъ,
Як ба як тамҳиди асбоби ҳидоят доштам.
Ваҳ чӣ бадбахтам, ки худ мунтаҷ нашуд ғайри маҷоз
Базли маҷҳуде, ки дар касби ҳақиқат доштам.
Бар далели дониши ман гӯш нанҳод осмон,
В-арна бар даъвии худ чандин ривоят доштам.
Ҳосили илми мани бечора аз идбори бахт
Шарру офат шуд, агар чашми шарофат доштам.
Гар кунад чандин ситам бар ҷони ман гетӣ, равост,
То чаро з-он кинахӯ чашми мурувват доштам.
Ёфтам аз остони шоҳ, Шоҳин, обрӯ
Ман, ки рӯи аҷз бар хоки мазаллат доштам.