Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Мо дуо мекунем, ӯ дашном,

Мо дуо мекунем, ӯ дашном, Ошиқонрост ин ҷавоби салом. Шираи ток бо қайи занбӯр, Турфа шаръист ин ҳалолу ҳаром. Эй басо дил, ки з-ӯ дар оташи ғам, Сӯхт аз интизори ваъдаи хом. Бо сабо зулфи ӯ чӣ пардозад, Натавон бодро гирифт ба дом. Чун фиристем қосиде сӯи ӯ, Меравад ранг пештар зи паём. Базм гарм аст, бе ҳиҷоб нишин, Набарад кас либос дар ҳаммом. Эй сабо, аз манаш гузор навид, Ки ғуломест бо ту Шоҳин ном.