Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Шикастахотиру ранҷуру нотавон шудаам,

Шикастахотиру ранҷуру нотавон шудаам, Биё бубин, ки дилат ҳар чи хост, он шудаам. Ба ғайри хору хасу меҳнатам наёмад пеш, Ба ҳар тараф, ки чу оби равон равон шудаам. Маро чу шохи суман кард тарбият айём, Вале чӣ суд, ки маҳруми бӯстон шудаам. Ба ҳар кӣ майл кунам, мекунад канора маро, Ба хотири ҳама чун бори ғам гарон шудаам. Дудаста нуқли ғаму ғуссаам ба пеш гузошт, Ба хони ишрати ҳар кас, ки меҳмон шудаам. Зи хоки тира ба сад поя камтарам, аммо Гумон кунанд халоиқ, ки осмон шудаам. Ба ҳеҷ кисватам аз тан нарафт урёнӣ, Фурӯғи моҳаму дар пардаи катон шудаам. Ман он гулам, ки зи ошӯби бесуботии даҳр, Накарда тоза димоғи касе хазон шудаам. Аҷал тафаққуди ҳолам намекунад, в-арна Ҳазор бор аз ин зиндагӣ ба ҷон шудаам. Ба ҳеҷ боб маро нест рӯи хурсандӣ, Ҷуз ин қадар, ки ғуломи шаҳи ҷаҳон шудаам. Ба фазлу дониши худ ҳайф оядам, Шоҳин, Ки ман ба ин ҳама ганҷ аз чӣ ройгон шудаам.