Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Сухан ҳар он чи, ки хуштар бувад, манаш гуфтам,

Сухан ҳар он чи, ки хуштар бувад, манаш гуфтам, Гуҳар ҳар он чи, ки беҳтар бувад, манаш суфтам. Вале чӣ суд, ки умрам ба ғунчагӣ бигзашт, Ба бод рафтаму чун гул ба боғ нашкуфтам. Басо шуда-ст, ки то по ба дидаам бинҳанд, Ба домани мижа роҳи бародарон рӯфтам. Басо шуда-ст, ки нашнуфта ёва баргуфтам, Басо шуда-ст, ки баргуфта ёва нашнуфтам. Басо шуда-ст, ки аз ман нарафту баргуфтанд, Басо шуда-ст, ки аз ишон гузашту пазруфтам. Замона гарчи маро дар хирад ягона намуд, Ба сад шиканҷа вале кард осмон ҷуфтам. Надидам ин ҳама ҳосил зи рӯзгори вуҷуд, Ҷуз ин қадар, ки ба шоми адам фурӯ рафтам. Дамида бар сари хокам алаф, ки то донӣ Надода гардиши гетӣ улуфаи муфтам. Набаста сурати ҷамъияте ба худ, Шоҳин, Зи тундбоди аҷал чун ғубор ошуфтам.