Як бӯса аз он орази гулфом гирифтам,
Як бӯса аз он орази гулфом гирифтам,
Яъне ба муроди дили худ ком гирифтам.
Дар ҳалқаи зулфи ту задам дасти иродат,
Дар зери нигин маҳкамаи Шом гирифтам.
Дидам, ки чунин бар ҳама инъоми ту ом аст,
Дасти тамаъ аз домани ибром гирифтам.
Алминнату лиллаҳ, ки зи шогирдии Маҷнун,
Дар хиттаи дониш зи хирад ном гирифтам.
Аз симбарон то шавадам ком муяссар,
Шоҳин, сифати лунгии ҳаммом гирифтам.