Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ба кафши ҷустуҷӯ дӯшина шаб наълу патак кардам,

Ба кафши ҷустуҷӯ дӯшина шаб наълу патак кардам, Ба сад ҷо гаштам, аз ҷое ҷавонеро дарак кардам. Нагардад то рақиби фитнакор аз буғи дег огаҳ, Ба қӯши хештан оварда пинҳонӣ намак кардам. Арақ бар гирди лаълаш, дидам, аз рухсора мерезад, Бар ӯ аз пардаҳои чашм худ тафкӣ ҷавак кардам. Шудам гаҳ садқаву гоҳе балогардони он маҳваш, Тақал ҳар кӯчароҳе дошт, бо ӯ як ба як кардам. Бигуфтам: – Мубталои доғи ҳиҷронам чаро кардӣ? Бигуфто: – Ҳар чӣ кардам бо ту, аз тарси амак кардам. Ба умеде, ки боре коми дил ҳосил кунам аз ӯ, Сари худро агар чанде ҳақорат кард, так кардам. Чунон оғӯши гарме дошт он шӯхи сияҳҷурда, Ки дар оғӯши ӯ аз ғояти гармӣ тулак кардам. Рақиби сифларо бемор бишнидам, давон рафтам, Табиб ороста худро зи ҷояш турмасак кардам. Зи васли ҷонфизои ӯ чунон сархуш шудам, Шоҳин, На тарсу биме аз ахтар, на ваҳме аз фалак кардам.