Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Шаб, ки гул дар табақу бода ба соғар кардам,

Шаб, ки гул дар табақу бода ба соғар кардам, Базми туркона ба ёди рухи дилбар кардам. Омад он дилбари ман, дар қадамаш баҳри нисор, Аз сари ҳар мижа исори гуҳар сар кардам. Аз лаби ӯ, ки гуле бо шакар омехта буд, Гаҳ ҳавои гулу гаҳ хоҳиши шаккар кардам. Гуфтамаш: – Чист ба тарфи рухат он хатти сиёҳ? Гуфт: – Бар хуни ту, эй дилшуда, маҳзар кардам. То ба домони ту гарде нанишинад аз роҳ, Ҳамчу ҷайби худаш аз хуни ҷигар тар кардам. Хок бар фарқи ман, аз бӯсаи беҷоталабӣ, Хотири ёру дили хеш мукаддар кардам. Ҳар кӣ бишнид, ба кӯтаҳназарӣ хонд маро, Нисбати қадди ту ҳар гаҳ ба санавбар кардам. Гоҳ бо зӯру гаҳе бо зару гаҳ бо зорӣ Ҳар куҷо содарухе буд, мусаххар кардам. Ба умеде, ки ту по бар сари ин хок ниҳӣ, Хешро пеши ту бо хок баробар кардам. Пеш аз он дам, ки ниҳам пои талаб дар раҳи ишқ, Мурдани хеш дар ин роҳ муқаррар кардам. Ҷигари сӯхта, Шоҳин, ба Худо, иксир аст, Ки ба ҳар хок дамидам нафасе, зар кардам!