Қурбони лаби лаъли шакархои ту гардам,
Қурбони лаби лаъли шакархои ту гардам,
Мафтуни хати ғолияпирои ту гардам.
Лаб мегазӣ, эй шӯх, надонам ки чӣ гӯӣ,
Аз нозукии тарзи адоҳои ту гардам.
Як ҷои ту тахсис ба куштан натавон кард,
Эй ман ба ту шайдо, зи ҳама ҷои ту гардам.
Ҷон назри саропои ту гуфтам ба шаби васл,
Рухсат бидеҳ акнун зи саропои ту гардам.
Имшаб шаби васли ту натақ нозада бахтест,
Бигзор тавалло, зи таваллои ту гардам.
Набвад кафале чун кафалат лухти мусаффо,
Ман аз кафали лухти мусаффои ту гардам.
Гуфтӣ, ки ба Шоҳин занадам дарду балоҳо,
Кай мезанад, аз дарду балоҳои ту гардам?!