То мубталои ишқи ту, эй бевафо, шудам,
То мубталои ишқи ту, эй бевафо, шудам,
Аз дӯстони якҷиҳати худ ҷудо шудам.
Донистаме, ки меҳр ба ошиқ намениҳӣ,
Дониста ошиқи маҳи рӯят чаро шудам?
З-ин беш тоқатам ба ҷудоӣ намондааст,
Гар мекушӣ, бикуш, ки ба маргам ризо шудам.
Ҳаргиз даме ба кӯи ту нагзорадам рақиб,
Гӯё, ки ӯ сагу мани мискин гадо шудам.
Дуккони эътибор қумоше чу ман надошт,
Ё Раб, чӣ куя зад, ки чунин нораво шудам.
Сангиндилӣ чунон, ки напурсӣ зи ҳоли ман,
К-аввал чӣ будам аз ғамат, охир чиҳо шудам?
Кардӣ адои бӯса ба ҳар кас, аз он миён
Ман чун намози мардуми коҳил қазо шудам.
Дар ғурбатам, ба васли худ афзо ҷалои табъ,
Чун ман ту гуфта, аз ватани худ ҷудо шудам.
Шоҳин, гузашт сити камолам зи нуҳ фалак,
То ман муқими хоки дари подшо шудам.