Ба шӯхи моҳпайкар, сарви симинбар гирифторам,
Ба шӯхи моҳпайкар, сарви симинбар гирифторам,
Ба гесӯи чу чанбар, лаъли чун шакар гирифторам.
Ту бар рухсора зулфи худ чу чанбар ҳалқа месозӣ,
Мани ошуфта бар он зулфи чун чанбар гирифторам.
Ба болои баландат, эй писар, якбора мафтунам,
Ба гесӯи камандат, эй санам, яксар гирифторам.
Нагашт аҳволи ман аз бадгумонӣ боварат ҳаргиз,
Туро, эй бадгумон, бо табъи нобовар гирифторам.
Хатат бар гирди ораз то рақам зад маҳзари маҳбус,
Ба қайди ишқат аз мазмуни ин маҳзар гирифторам.
Куҷо омад мизоҷи ман ба ислоҳ аз парихонӣ,
Мани девона чун бо он парипайкар гирифторам.
Чи мебинӣ, мунаҷҷим, аз ривоҷи толеи Шоҳин,
Ба моҳи фитна чун аз бахти бадахтар гирифторам.