Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Шукр лиллаҳ ба висолат дили хуррам дорам,

Шукр лиллаҳ ба висолат дили хуррам дорам, Он чӣ асбоби нишот аст, фароҳам дорам. Бода нохӯрда чаро ришва хӯранд аҳли қазо, Гила аз харкусии мардуми олам дорам. Фориғам аз шарафи фоқа зи ташвиши ҷаҳон, На ғами кисаву не ғуссаи дирҳам дорам. Ошноӣ ба рақибам сабаби васли ту шуд, Кардаам сайд, зи бас қалби муаллам дорам. То мураххам ба нидое кунам аз ғайр туро, Сабақ аз баҳси мунодии мураххам дорам. Ҳаст муҳлик чу ба омос кашад истисқо, Аҷаб аз зиндагии шайхи музаххам дорам. Васл чун ҷаҳли мураккаб буваду ишқ басит, Ишқро бар талаби васл муқаддам дорам. Дили ман сокиту зулфат мутаҳаррик зи насим, Ин дуро қоида ин аст, ки мудғам дорам. Каъбае чун Ҳаҷаруласваду Замзам бо худ, Аз дили сӯхтаву дидаи пурнам дорам. Душман аз теғи забон гар занадам захм, чӣ бок, Ки ман аз вазъи мулоим ҳама марҳам дорам. Ба насаб хоҷа кунад фахр, маро фахр бас аст Дудмоне ба нубувват, ки зи Одам дорам. Ба навиштан натавон шеъри маро кард тамом, Гарчи з-ошуфтадилӣ завқи сухан кам дорам. Ғайр аз ин чист маро давлати узмо, Шоҳин, Ки ғуломии дари хусрави олам дорам.