Як шаб висоли ёр чунон шуд муяссарам,
Як шаб висоли ёр чунон шуд муяссарам,
К-омад ба ноз такя заду хуфт дар барам.
Аз бас ба ноумедии худ будам устувор,
Медидамаш аёну намегашт боварам.
Гуфтам, ки умри ман ҳама бигзашт дар фироқ,
Акнун чунон мабод, ки аз васл бар хӯрам.
Таҳқиқи худ намудаму дарёфтам, ки ӯст,
Дил шуд зи дасту ҷон зи тану ҳуш аз сарам
Эй вой, агар висол чунин асту кулфаташ,
Бошад ҳазор бор аз он ҳаҷр беҳтарам.
Охир ба сад машаққату меҳнат ба забти хеш
Пардохтам, ки рӯ надиҳад ҳоли дигарам.
Рафтам канораеву нишастам умедвор,
Шояд, ки хонадам ба канори худ аз карам.
Мижгон зи хоби ноз кушуду маро надид,
Гуфт: – Эй фалон, куҷо шудӣ аз рӯи бистарам!
Ҷастам зи ҷои хешу задам бӯса бар замин,
Гуфтам: – Чӣ хидмате, ки бувад, банда чокарам.
Шоҳин, ба рӯи сафҳа чу хома ба фарқи хеш
Тақрир аз ин зиёда кунам, теғ мехӯрам.