Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Сиёҳҷурда нигори арабнасаб писарам,

Сиёҳҷурда нигори арабнасаб писарам, Куҷост, ҳамчу ҳумо соя афканад ба сарам. Чу доғ мечакадам ашки гарм, метарсам, Мабод сар кашад аз дида оташи ҷигарам. Шавад зи бахт, ки ташвиш оварӣ ба сарам, Ки ҷону дил ба қудуми муборакат супурам. Шароб хуни дилеву кабоб лахти ҷигар, Бас аст, пеши ту хайру т-таъом мо ҳазара-м. Далели ишрати ман з-ин чаман гудохтан аст, Чу лола зинати гул дошт доғи дил ба сарам. Ба ним бӯса ташаффо бикун ба дарди дилам, Ба ним ханда тасалло намо ба чашми тарам. Ба хоки пои ту хоҳам ҷабини худ судан, Нашуд в-агарна ба сандал илоҷи дарди сарам. Чунон рабудаӣ аз қавм маркази хоке, Ки ҷуз ба чарх наёбанд чун Масеҳ асарам. Манам ба ёди ту дар ҳар маҳалла кӯй ба кӯй, Ба ҷустуҷӯи ту дар ҳар диёр дарбадарам. Хаданги чобукам, эй нозанин, зи ман парҳез, Ки гар ба синаат оям, ба пеш мегузарам. Маро ҳавои уруҷе ба сар фитода, вале Самуми ҳодиса яксар бисӯхт болу парам. Зиҳӣ ба мавҳибати ёри меҳрубон, Шоҳин, Муҳаққақ аст саросар камоли мунтазарам.