Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Чӣ гуна дар назари ҷилваи ту манзурам,

Чӣ гуна дар назари ҷилваи ту манзурам, Ки ҳамчу ойина аз чашми хеш мастурам. Ба гуфтугӯи туам рашки дастгоҳи Калим, Зи тоби оташи шавқи ту ғайрати Тӯрам. Ризо ба куштани худ кас намедиҳад, лекин Агар ризои ту бошад, биё, ки маъзурам. Чунон ба ёди ту дар хок метапам, гӯӣ, Ки дар муҳити амал моҳии сақанқурам. Зи шӯри гиряи ман гар туро ҳазар будӣ, Чаро зи ханда намаксудае ба носурам? Ғаму нишоти ҷаҳон тавъаманд, маълум аст, Зи иттифоқи сари солу моҳ Ошӯрам. Агарчи шуҳра ба шоҳиниям, вале, Шоҳин, Зи дасти чарх гирифтори чанги усфурам.