Кай бувад, ё Раб, ки ҷо дар водии Салмо кунам,
Кай бувад, ё Раб, ки ҷо дар водии Салмо кунам,
То тасалло дидаро з-он хоки нурафзо кунам?
Чанд бошам дар ҳавояш заррапаймои ҳазиз,
Дар қиёсороияш тамсили истиқро кунам.
Шавқам истидъои он дорад, ки дар базми ҳузур,
Рози дил дар ҳазрати ҷонони худ ифшо кунам.
Афканад шояд, ки ногаҳ як назар бар ҳоли ман,
З-он сабаб худро ба ҳарфи шеър пинҳон ҷо кунам.
Ҳамчу мусиқор, Шоҳин, дам ба дам аз сози шавқ
Мезанам боле ба худ, то оташе пайдо кунам.