Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Дар ишқ аз ин зиёда чӣ тадбир мекунам,

Дар ишқ аз ин зиёда чӣ тадбир мекунам, Яъне, ки тан ҳавола ба тақдир мекунам. Фориғ наям зи нолаи пинҳону ошкор, Ин ноларо гаҳе баму гаҳ зер мекунам. Хуршеду моҳ мечакад аз нав, ки хомаам Ҳар ҷо ҳадиси рӯи ту таҳрир мекунам. Як шамма нози ҷилваи ту оварам ба фарз, Чандин ҳазор ойина тақрир мекунам. Шоҳин, зи табъи равшану бахти сиёҳи хеш, Субҳам, вале ба шом табошир мекунам.