Шабе, ки ёд зи васли ту, моҳпора, кунам,
Шабе, ки ёд зи васли ту, моҳпора, кунам,
Зи ашки хуншуда доман пур аз ситора кунам.
Зи осмон ба сарам гар ситора борад санг,
Гар аз канори ту, эй маҳ, даме канора кунам.
Ба боми дайр қадам мезанам, чӣ зӯр маро,
Ки баҳри зуҳд равам ҷой дар мағора кунам.
Зи қирқиюзбачагон хотирам гирифта чунон,
Ки ихтиёри зан аз мардуми ҳазора кунам.
Таҳи тақора кун, эй муҳтасиб, гуноҳи маро,
В-агарна айби туро чӯб бар нақора кунам.
Ту худ зи хона наёӣ бурун, ман аз лаби бом,
Назар ба сӯи ту чанд аз паси тавора кунам.
Дилам ба тобу танам дар таб аст, ҳайронам,
Ба ин ду дард дар ин бекасӣ чӣ чора кунам?
Ба ҷуз фироқи ту доғам намедиҳанд нишон,
Ба ёди васли ту ҳарчанд истихора кунам.
Ҳазор сол фузун умр боядам, Шоҳин,
Ки то яке зи ҳазорон ғамаш шумора кунам.