Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

То назар бар рӯи он хуршедманзар мекунам,

То назар бар рӯи он хуршедманзар мекунам, Ҳамчу абр аз гиря ҷайбу остин тар мекунам. Гуфтам аз бечорагӣ комам диҳад он маҳ, надод, Баъд аз ин бо ӯ раҳи олуфтагӣ сар мекунам. Мақсад аз бӯсу канорам имтиҳоне беш нест, Гар шавад ин ҳар ду ҳосил, фикри дигар мекунам. Гуфтаӣ: «Пинҳон биё шабҳо», бигӯям: «Аз рақиб Нест боке, гар бубинам, ҷома бар сар мекунам». Дорам аз даврон саре чун гӯй дар чавгони ишқ, Туҳфаи сумми саманди он диловар мекунам. Ман, ки дорам чеҳрае ҳамчун зару ашке чу сим, Кофарам, гар ёди симу пешаи зар мекунам. Гуфтамаш: – Ҳусни ту бар хуршед паҳлӯ мезанад, Гуфт: – Агар хуршедро бо худ баробар мекунам. Ҳарчи даврон дар кафи ман мениҳад ваҷҳи маош, Сарфи роҳи шоҳиду минову соғар мекунам. Чун ҳилолам ҷуз лаби ноне намебахшад сипеҳр, Чанд кӯшиш аз пайи ризқи муқаддар мекунам? Ман, ки худ осудаам дар сояи сарви қадат, Таъна бар болои шамшоду санавбар мекунам. Ғайри яъсам ҳосиле, Шоҳин, намебахшад чаро, Ҳар таманное, ки дар хотир муқаррар мекунам?