Ба кунҷи мадраса то чанд қилу қол кунам,
Ба кунҷи мадраса то чанд қилу қол кунам,
Зи хоки майкада он беҳ, ки касби ҳол кунам.
Даме, ки мӯниси ҷони манӣ, ҳанӯз кам аст,
Дуои ҷонат агар сад ҳазор сол кунам.
Кушой парда зи рухсору ҷони ман биситон,
Ки оҳи вопасат аз вақт интиқол кунам.
Мукаддар аст дилам бе ҳузури ҷилваи ту,
Биё, ки ойина пардозаму мисол кунам.
Маро фишори гулӯ бе хароши ҳайрат нест,
Чу сина дард кунад, лоҷарам суол кунам.
Даҳони худ натавонӣ з-офарин бастан,
Агар ба гӯши ту ороиши мақол кунам.
Паре кушоям агар дар ҳавои ӯ, Шоҳин,
Ҷаҳон, ки ҳар чи дар ӯ ҳаст, зери бол кунам.