Дамбадам аз гиря фикри дарди дигар кардаем,
Дамбадам аз гиря фикри дарди дигар кардаем,
Неши мижгоне ба ёди захми дил тар кардаем.
Нест бе фарсуди саъй андешаи таҳсили ҷоҳ,
Обила гаштем то сомони афсар кардаем.
Мо заифонро шикаст охир хумори бехудӣ,
Гардиши ранге, ки дар базми ту соғар кардаем.
Нотавониҳо паноҳи нотавонон будааст,
Мо ҳам акнун такя бар паҳлӯи лоғар кардаем.
Дар уруҷи рутба, Шоҳин, оҷизӣ дар бори мост,
Бе пару болем агар, парвоз бартар кардаем.