Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Манам, ки рашк барад, иқди луълу аз суханам,

Манам, ки рашк барад, иқди луълу аз суханам, Бад-ин сухан ҳама дам дам зи хубии ту занам. Намерасад даҳанам, доғам, эй муборакрӯ, Ба чашми худ, ки туро дидааст, бӯса занам. Наям ба кӯи ту, эй нозанин, ғариб, ки ман Ба дурии ту ғарибам, агарчи дар ватанам. Ниҳодаам ба кафи дасти хеш нақди равон, Биё, ки дар кафи пои муборакат фиканам. Ситамгаре, ки ҷафо вазъу хӯи ӯст, туӣ, Ситамкаше, ки вафо фикру зикри ӯст, манам. Зи баъди маргам агар шустушӯ кунад ғассол, Бигӯ зи латаи софии май кунад кафанам. Сухан ба меҳру вафои ту мекунад Шоҳин, Вале чӣ суд, ки бовар намекунӣ суханам.