Ман, ки аз доираи аҳли хирад берунам,
Ман, ки аз доираи аҳли хирад берунам,
Дидаам рӯи ту Лайливаш, аз он Маҷнунам.
Соқии ишқ пайи дафъи хумори лаби ту
Ивази бода ба соғар бичашонад хунам.
Бахти маймуни маро бин, ки фалак чун лӯлӣ
Медиҳад рақс ба ҳар маърака чун маймунам.
Сайди афъӣ ҳама созанд ба афсун, аммо
Ин аҷаб, афъии зулфи ту диҳад афсунам.
Бо ман, эй меҳри ҷаҳонгард, бас аст ин давлат,
Ки ба дунболи ту чун соя барад гардунам.
Ман куҷову тамаи васли ту кардан боре,
Аз ту бар банда итобе нашавад мамнунам.
Воизо, нукта зи қонуну вараъ камтар зан,
Ки мани ринд басе воқиф аз ин қонунам!
Фитнаи даҳр кунад қасди ман аз ҳар тарафе,
Ки чаро наргиси фаттони туро мафтунам.
Натавон шуст маро чирки мазаллат зи ҷабин,
Гар дусад ман ба масал сарф шавад собунам.
Лоақал қадри хазафпора надорад, Шоҳин,
Дар баҳо гарчи физояд зи гуҳар мазмунам.