Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Қад барафроз, ки болои туро банда шавам,

Қад барафроз, ки болои туро банда шавам, Рух барафрӯз, ки симои туро банда шавам! Лаби чун лаъли худ, эй маҳ, ба шакарханда кушой, То лаби лаъли шакархои туро банда шавам! Ёри ман, зулфи сумансо бинамо ҳалқа, ки ман, Ҳалқаи зулфи сумансои туро банда шавам! Ҷилва кун, эй ту саропо ҳама шӯхӣ, ҳама ноз, Ки ба ҳар ҷилва саропои туро банда шавам! Нигаҳе бар ман аз он наргиси шаҳло андоз, Нигаҳи наргиси шаҳлои туро банда шавам! Эй мусаффотар аз ойина туро соиду соқ, Соиду соқи мусаффои туро банда шавам. Мерабоӣ дили Шоҳин ҳама аз тарзи адо, Дилбаро, тарзи адоҳои туро банда шавам.