Маро олуда бо хун аст ҷайб аз гиря, доман ҳам,
Маро олуда бо хун аст ҷайб аз гиря, доман ҳам,
Биё, то вораҳад дил аз гузори фурқатат, тан ҳам.
Ба хоки турбати ман мекунӣ бозӣ, зиҳӣ тифле,
Ки нагзорӣ маро фориғ нишастан баъди мурдан ҳам.
На роҳи он, ки боз оям, на рӯи он, ки баргардам,
Бале, бо ёр пайвастан бувад мушкил, буридан ҳам.
Маро з-он хирмани симе, ки дорӣ дар қафои худ,
Набахшӣ, гарчи нақди ҷон диҳам, миқдори арзан ҳам.
Бидеҳ з-он хирмани сим, эй писар, бо мо тиҳидастон,
Ки як арзан ба соле кам нагардад з-он ба додан ҳам.
Ҳавоят як сари мӯ аз сари ман кам нашуд охир,
Гарам теғи ҳаводис борад аз гардун ба гардан ҳам.
Сари ташрифи ғурбатхонаи мо дорад, эй риндон,
Кунун май дар сабӯ бояд намуд, оташ ба гулхан ҳам.
Маро аз шеър гуфтан нанг меояд аз он, Шоҳин,
Ки дорад ҳар ҳарифи ёва номи шоирӣ, ман ҳам.