Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Мо аз ту ба ҷуз ҷафо надидем,

Мо аз ту ба ҷуз ҷафо надидем, Кардем вафо, вафо надидем. Аз чашми ту, к-он балои ҷон аст, Ғайр аз нигаҳи ало надидем. Эй мардуми дида, чанд гӯӣ: Мо мардумии шумо надидем. Хубон ҳама душмананд, ҳаргиз З-ин тоифа ошно надидем. Сад бор агар туро бубинанд, Гӯянд, ки мо туро надидем! З-ин мардуми нохудо мурувват, Шоҳин, ба ҳақи Худо, надидем.