Моҳи рухсори ту аз зери ниқоб ояд бурун,
Моҳи рухсори ту аз зери ниқоб ояд бурун,
Ончунон к-аз пардаи субҳ офтоб ояд бурун.
Ё Раб, он бахти мусоид ку, ки дар оғӯши ҷом,
Чун арӯс аз хиҷлаи мино шароб ояд бурун.
Дил ба арзи пучмағзе сарфакорӣ дидааст,
Қатра чун аз худ тиҳӣ гардад, ҳиҷоб ояд бурун.
Ҷонам аз банди ғамат озод кай хоҳад шудан,
Саъва натвонад, ки аз чанги уқоб ояд бурун.
Дар арақ, Шоҳин, тамошо дорад эъҷози рухаш,
То чӣ сон аз чашмаи хуршед об ояд бурун.