Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Эй ба лаб лаълу ба рух лола, ба қад сарви равон,

Эй ба лаб лаълу ба рух лола, ба қад сарви равон, Назари марҳамате ҷониби ин камбағалон. Фасли саҳрост агар даст диҳад сомон кун, Кадаҳи бода, бути сода, лаби оби равон. На гули рӯи ту бо сабзхати ҷамъшуда Офтобест, ки дар бурҷи ҳамал карда қирон? Табъи маъниасарам хавф барад аз носеҳ, Зани зоянда тааммул кунад аз онакалон. Ман ба як дил накунам қатъи назар аз зулфат, Эй фидоят дили Шоҳину дили халқи ҷаҳон.