Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ба ҳавои лабу дандони ту, эй офати ҷон,

Ба ҳавои лабу дандони ту, эй офати ҷон, Гаҳам аз дида чакад луълуъ, гоҳе марҷон. Ишқ бар ҷони ман он мекунад имшаб, ки агар Бар дили кӯҳ кунад, кӯҳ дарояд ба фиғон. Оташин рӯи ту оташ ба ниҳодам мезад, Аз сари зулфи ту гардам, ки даромад ба миён. Он шаби тира, ки зулфат ба сар андохт маро, Гар шикоят кунам, эй моҳ, надорад поён. Сарвро бо қади дилҷӯи ту нисбат нарасад, Сарв нахлест ба ҷо мондаву қадди ту равон. То задам бӯса чу соғар ба лаби нӯшинат, Чун суроҳӣ ҳама хуни дилам ояд зи даҳон. Хоҳад аз сарсари ҳиҷрони ту аз по афтад, Ҳайф аз қомати Шоҳин, ки дарахтест ҷавон.