Бурида бод забони суханварони замон,
Бурида бод забони суханварони замон,
Зи бас ба таънаи Шоҳин кушудаанд даҳон.
Хирад кай аз сари тавфиқ мекунад инсоф,
Шавад ба дидаи таҳқиқ ин нуҳуфта аён,
Ки зери сақфи сипеҳру фарози саҳни замин,
Кадом арсаи гетӣ, куҷо басити ҷаҳон.
На дар маҳосини атвораш аз назар асаре,
На дар макорими ахлоқаш аз адил нишон.
Ба фарқи фалсафӣ Искандари қаламрави фикр,
Ба чашми сӯфия дорои кишвари ирфон.
Ба коми аҳли иродат равон ширу шакар,
Ба ҷони мункири бадбахт дарди бедармон.
Зиҳӣ камол, фаё, марҳабо, намебинам,
Таборакаллаҳаш аз ғайри бандагӣ нуқсон.
Чӣ мекунӣ гила аз мардуми замон, Шоҳин,
Ба гӯши хар натавон дод ҳарза бонги азон.
Гузор, то ки зананд шиква аз ту аҳли ҳасад,
Саги гурусна биҳил, то бияфшурад анбон.