Афзуние ба ёди ту то чанд костан?
Афзуние ба ёди ту то чанд костан?
Ҷуз ту касе туро натавонад сипостан.
Дар сина доғи ишқи ту чун нақш дар нигин,
Дар дида акси рӯи ту чун дар либос тан.
Оғӯши ман канори туро ин масал бувад,
Дилро ҳисор синаву ҷонро асос тан.
Эй осмони кинавару чархи пурситез,
То кай ситеза сохтану кина хостан?
Бадри тамом будаму дардо, ки чун ҳилол
Бигзашт аз ҷафои ту умрам ба костан.
Дониста неҳ қадам, ки чу ашк андар ин тариқ
Аз по фитодан аст, зи ҷо барнахостан.
Шоҳин, биҳил, ки мо гуле аз боғи дигарем,
Моро ба дигарон натавонӣ қиёстан.