Саросар ойинаболида аст пайкари ман,
Саросар ойинаболида аст пайкари ман,
Ба ҳайратам, ки чӣ кас ҷилва кард дар бари ман.
Зи файзи хиҷлати ҷурм он қадар наям огаҳ,
Ҷуз ин, ки Кавсари нақд аст ҷабҳаи тари ман.
Маро ҳунар ҳама сармояи сияҳбахтист,
Чӣ рангҳо, ки ба сомон накард ҷавҳари ман.
Ба базми бехудиям ҷоми бода ҳоҷат нест,
Бас аст гардиши ранге, ки баст соғари ман.
Чунон ба ҷилваи ӯ маҳви ҳайратам, Шоҳин,
Ҳазор ойина ҳеҷ аст дар баробари ман.