Маро дил мекашад имшаб ба васлат анҷуман кардан,
Маро дил мекашад имшаб ба васлат анҷуман кардан,
Ба чандин сӯз чун парвона шамъе дар лаган кардан.
Ба завқи он миён чун мӯ ба худ ҳар лаҳза печидан,
Зи лутфи он сурин ангушти ҳайрат дар даҳан кардан.
Кашидан бода аз минои ёқутӣ ба ҷоми зар,
Дар оғӯши садаф дурдона чанде аз Адан кардан.
Надорам чун либоси зиндагӣ ғайр аз сияҳбахтӣ,
Пас аз маргам зи хоки тира мебояд кафан кардан.
Дар ин биниш, ки дорӣ дар ғарибӣ боядат, Шоҳин,
Ба сони мардумак дар дидаи мардум ватан кардан.