Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Гар чунин ояд дамодам сели об аз чашми ман,

Гар чунин ояд дамодам сели об аз чашми ман, Хонаи мардум шавад охир хароб аз чашми ман. Ҳар касе равшансаводи нусхаи сӯзи дил аст, Мекунад мазмуни сад баҳр интихоб аз чашми ман. Баски мегирям ба ёди наргиси махмури ӯ, Чун гулӯи шиша меояд шароб аз чашми ман. Бар муҳити ашк биншонад фалакро чун ҳубоб, Гар тариқи гиря омӯзад саҳоб аз чашми ман. Шаб ба ёди талъати ту гар ниҳам паҳлӯ ба хоб, Мешавад равшан саҳаргаҳ офтоб аз чашми ман. Иқтизои ҳусни саркаш як қалам бепардагист, Ӯ ғалат бар чеҳра мепӯшад ниқоб аз чашми ман. Чашми ман аз ашки хунин гашта чун зарфи ҳино, То кунӣ бар дасти худ, эй маҳ, хизоб аз чашми ман. Баски омад бе туам паҳлӯи осоиш ба санг, Умрҳо шуд рахт барбастаст хоб аз чашми ман. Гар касе пурсад зи ман кайфияти тӯфони Нӯҳ, Медиҳад, Шоҳин, гузори дил ҷавоб аз чашми ман.